17 августи соли 2023 дар Раёсати Кумитаи ҳолатьои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд 29-умин солгарди таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд.
Дар чорабинии мазкур ҳайати шахсии Раёсат, собиқадорони соҳа ва сардорони шуъбаву бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.Чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ ҳусни ифтитоҳ гардид.
Дар баромади худ сардори Раёсат полковник Додиён Баҳром ҳайати шахсиро аз номи Роҳбарияти Кумита, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раёсат бахшида ба 29 солагии иди касбӣ табрик намуда, аз дастовардҳои Кумита ёдовар шуда кайд кард, ки аз соли 1994 то ба имрӯз Хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба пешравиҳо ва дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.
Сипас муовини сардори Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ подполковник Шарифзода Ғолиб доир ба таърихи таъсисёбии Кумита ба самъи ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ як қатор афсарону прапоршикон ва наҷотдиҳандагони Раёсат аз ҷониби Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсат ва дигар сохторҳо барои хизматҳои шоиста ва интизоми намунавиашон ҳавасманд гардонида шуданд.