Муҳтарам корбарони сомона!

Роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии иди шарифи Фитр муборакбод мекунад!

Иди Фитр яке аз ду идҳои бузурги мусалмонон аст. Моҳи Рамазон худ моҳи поксозии рӯҳу ҷисм аст, моҳи тоату ибодат, бахшиши гуноҳон, талаби ҳоҷот аз Худованди яктост.  

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз моҳи шарифи Рамазон анҷом меёбад ва фардо иди саиди Фитр фаро мерасад.

Ба ин муносибат ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар як фарди Ватан тандурустӣ, сулҳу сафо ва хайру баракат

Заминларзаи длирӯз талафоти ҷониву хисороти дигар надошт

Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 19 апрели соли 2023, соати 13:57 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази заминларза 389 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 76 километр ғарби ноҳияи Мурғоби ВМКБ буд.

Мулоқоти Раиси КҲФ бо иҷрокунандаи вазифаи Сафири Фаронса

18 апрели соли 2023 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти кории Раиси Кумита генерал-полковник Рустам Назарзода бо иҷрокунандаи вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эрик Лебедел баргузор шуд.

Сипосномаи КҲФ ба кормандони тарабхонаи “Форел”, ки як саги ғарқи дарёро наҷот доданд

10 апрели соли 2023 кормандони тарабхонаи  «Форел», ки дар соҳили  дарёи “Душанбе” ҷойгир аст, садои пасти нолишеро шуниданд, вале натавонистанд сари вақт ташхис кунанд, ки ин чӣ садоест ва аз куҷо меояд. Баъдан маълум шуд, ки ин садои имдодхоҳонаи як саги бехонумонест, ки дар рӯд ғарқ мешуд ва ҳама талошҳояш барои раҳоӣ аз мусибати сахт ба нокомӣ меанҷомид.

Страницы