Мулоқоти Раиси КҲФ бо иҷрокунандаи вазифаи Сафири Фаронса

18 апрели соли 2023 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти кории Раиси Кумита генерал-полковник Рустам Назарзода бо иҷрокунандаи вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эрик Лебедел баргузор шуд.

Дар ҷараёни ин дидор Сарвари КҲФ ба меҳмони олиқадр дар бораи корҳои анҷомшуда дар самти идораи ҳолатҳои фавқулода дар кишвар нақл кард, ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо сохторҳои кишварҳои хориҷӣ дар ин самт маълумот дод.

Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориро дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ баррасӣ намуда, ҳамчунин ҳамкориҳои ояндаро дар омодасозӣ ва бозомӯзии кормандони Кумита, масъалаҳои беҳтар намудани заминаи моддию техникии КҲФ пас аз ба эътидол овардани вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ҳадафҳо ва афзалиятҳои глобалии Барномаи Сендай оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ як қатор тадбирҳоро амалӣ мекунад. Яке аз ҳадафҳои ҷаҳонии барномаи Сендай аз он иборат аст, ки кишварҳо стратегияҳои миллии коҳиш додани хатари офатҳоро бипазиранд.

Илова бар ин, ҷонибҳо самтҳои эҳтимолии ҳамкорӣ ва пешниҳодҳо оид ба иқдомоти минбаъдаро баррасӣ карданд.

барчасп: