10 апрели соли 2023 кормандони тарабхонаи «Форел», ки дар соҳили дарёи “Душанбе” ҷойгир аст, садои пасти нолишеро шуниданд, вале натавонистанд сари вақт ташхис кунанд, ки ин чӣ садоест ва аз куҷо меояд. Баъдан маълум шуд, ки ин садои имдодхоҳонаи як саги бехонумонест, ки дар рӯд ғарқ мешуд ва ҳама талошҳояш барои раҳоӣ аз мусибати сахт ба нокомӣ меанҷомид.
Шоҳидон мегӯянд ин саг бо ҳама нерӯ, ки дошт, талош мекард, то ҷонашро аз хатар раҳонад. Дар ҳамин ҳол се нафар аз кормандони ин тарабхона аз садди гузошташуда гузашта, болои плитаи бетонии гӯшаи дарё истоданд. Ҷавонон даст ба даст ҳам доданд ва яке худро ба маконе партоб кард, ки саг барои раҳоӣ талош дошт.
Ин саг ба ҷусса хеле бузург буд ва боло кашидани вай кори осоне набуд. Вале ба шарофати амали чолоконаву саривақтии ин се ҷавон ин саг аз ҳалокати эҳтимолӣ наҷот дода шуд.
19 апрели соли 2023 бо мақсади ҳавасманд кардани ҷавонон ва изҳори сипос барои наҷоти як ҷонвари безабон роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сипоснома навишт ва сардори Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе полковник Шамсизода дар вазъи тантанавӣ, бо иштироки ҳамаи кормандони тарабхона онро ба ҷавонон супурд.