Ҳушдор аз боронҳои рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонон мерасонад, ки рӯзҳои 29-30 марти соли 2024 дар як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон борони шадид меборад.  Дар водиҳо ва доманакӯҳҳои ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво рӯзона то 8-10 дараҷа паст мешавад.

 Рӯзҳои 29-30 марти соли 2024 бар асари боришот эҳтимоли боло рафтани сатҳи оби дарёҳои Ёхсу, Қизису (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои кӯҳии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорианд, вуҷуд дорад. Ҳамчунин дар як қатор навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон эҳтимол сел ояд.  

Бо мақсади ҳимояи хонаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз паёмадҳои сел Кумита ба сокинон муроҷиат мекунад, ки аз қабл селроҳаҳо, ҷӯву каналҳои назди манзилҳои худро аз зар гуна сангу хасу хошок тоза кунанд. 

Дар ҳамин иртибот Кумита ба сокинони ин ноҳияҳо тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо ба ғунучини ҳезум, дорувор, шикор ва моҳидорӣ нараванд. Ҳамчунин тавсия мешавад, ки дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои наздикӯҳиву кӯҳӣ чорвочаронӣ маслиҳат нест.

Ронандагон ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ бештар эҳтиёт кунанд, қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд. Аммо қабл аз сафар ҳатман дар бораи вазъи роҳҳои иттилои заруриро ба даст оранд.

Дар ҳоли рух додани ягон ҳодисаи фавқулода бо телефонҳои 112, (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 занг занед.

барчасп: