Activities calendar

14 марти 2024

Резиши санг дар Сангвор

Бар асари резиши барф рӯзи 13 марти соли 2014 тахминан соати 19:24 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 6-уми роҳи мошингарди Лаби Ҷар маркази ноҳияи Сангвор резиши санг сабаби баста шудани роҳ гашт.

Барои рафъи паёмадҳои офати табиӣ кормандон ва техникаи Вазорати нақлиёти кишвар ҷалб шуданд ва 14 март соати 04:20 дақиқа роҳ пурра тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт имконпазир гардид. 

Маркази заминларзаи субҳи имрӯз ноҳияи Лахш буд

Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии АМИТ 14 марти соли 2024 соати 09:25 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин зилзила 207 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 19 километр ғарби ноҳияи Лахш буд. 

Ифротгароӣ ва таъсири он ба амнияти миллии Тоҷикистон ва минтақа

Мусаллам аст, ки Осиёи Марказӣдар ҷаҳон минтақаи хеле мураккаб ва муҳим  маҳсубёфта, дар онманфиатҳои абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба ҳам печидаанд. 

Имрӯз кишварҳои минтақа таҳаввулоти геополитикӣ ва геостратегиро дар соҳаи амнияти миллӣ ва минтақавӣ паси сар мекунанд.«Осиёи Марказӣ ба унвони минтақаи дорои аҳамияти махсуси сиёсӣ, иқтисодӣ ва геополитикӣ ҳамчунин