Дар Раёсати КҲФ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Чоп шуд: 19/03/2024 | redaktorДар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи Наврӯзи Байналмилалиро таҷлил карданд, ки дар он муовини Раиси КҲФ генерал-майор Сулаймон Исозода, ҷонишини Раиси ВМКБ Х.Амирбекзода ва дигар шахсони расмӣ ширкат намуданд.
Барномаи ҷашн бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва намоишҳои театрию мусиқӣ, ки рангорангии минтақа ва вижагиҳои фарҳангии онро равшан инъикос мекунад, оғоз ёфт.