Заминларза дар кишвар
Чоп шуд: 29/03/2024 | redaktorБино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 28 марти соли равон, соати 15:55 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази ин зилзила 313 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 60-километрии ҷанубу ғарб аз ноҳияи Ишкошими ВМКБ, дар қаламрави Афғонистон буд.