Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 28 марти соли равон, соати 15:55 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази ин зилзила 313 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 60-километрии ҷанубу ғарб аз ноҳияи Ишкошими ВМКБ, дар қаламрави Афғонистон буд.
Қувваи заминларза дар маркази он 4 балл, дар ноҳияи Ишкошим 3, дар шаҳри Хоруғ 2-3 ва дар шаҳри Душанбе 2 баллро ташкил дод.
Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест.