Activities calendar

04 марти 2024

Ҳушдори КҲФ: Хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мондааст!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар дар рӯзҳои наздик дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва манотиқи ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари тарма ва резиши санг боқӣ мемонад.

Эҳтиёт аз шӯшаҳои овезони ях, эҳтиёт аз яхбандӣ!

Сосулька

Тағйирёбии ҳарорат - ях ва яхбандӣ аломатҳои хоси охирини рӯзҳои  зимистон дар кишвари мо мебошанд. Ин ба он маъност, ки  шумо бояд дар бораи омилҳои хатарноки марбут ба ин падидаҳои иқлимӣ фаромӯш накунед ва қоидаҳои бехатариро дар рӯзҳои яхбандӣ риоя намоед.

Ях низ як падидаи атмосферӣ аст, ки дар натиҷаи об шуданд

Ду рӯйдоди шабонарӯзи гузашта: Заминларза ва тарма дар ВМКБ

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар заминларза ва лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Бар асари ин ҳодисаҳо талафоти ҷониву хисороти дигар сабт нашудааст.

Чунончӣ, бино ба гузориши Хадамоти Геофизикии АМИТ 3 марти соли 2024 соати 12:05 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.