Тағйирёбии ҳарорат - ях ва яхбандӣ аломатҳои хоси охирини рӯзҳои зимистон дар кишвари мо мебошанд. Ин ба он маъност, ки шумо бояд дар бораи омилҳои хатарноки марбут ба ин падидаҳои иқлимӣ фаромӯш накунед ва қоидаҳои бехатариро дар рӯзҳои яхбандӣ риоя намоед.
Ях низ як падидаи атмосферӣ аст, ки дар натиҷаи об шуданд ва дар сармо сахт шудани барф ё борони борида ба вуҷуд меояд. Ях ҳолатест, ки таҳдиди хатар дорад. Пиёдаравон ҳангоми гузар аз роҳҳо метавонанд билағжанд, афтанд, осеб бинанд. Ҳолатҳое ҳам шуда, ки бар асари болои як лағжидаву уфтодан одамон пой ё даст ё ҷойи дигари бадани худро мешикананд.
Барои пешгирӣ аз ин гуна ҳолатҳо бояд чӣ кор кард?
- аввалтар аз ҳама ҳангоми интихоби пойафзол онеро харидорӣ кунед, ки лағжонак набошад. Аз пӯшидани пойафзоли пошнабаланд худдорӣ кунед. Шумо бояд рӯи тамоми кафи по қадам бигзоред, дар ҳоле ки ба оҳистагӣ қадам партоед ва дониставу маконро ташхис карда;
- ба пеши пойятон нигаред, талош кунед боло ҷойи хатарнок по нагузоред. Агар дигар роҳе набошад, яъне атроф ҳама яхпӯш, пас талош кунед мисли як лижарон гузаред;
- ҳангоми гузаштан аз роҳ саросема нашавед, бадиққат бошед. Давидан дар чунин ҳолат манъ аст;
- кӯшиш кунед ҷойе, ки яхбандон аст, аз гӯшаи бехатар убур намоед;
- Бояд ҳангоми аз болои ях гузаштан дастонатон озод бошанд, то тавонед мувозинатро нигоҳ доред. Дар ин ҳолат маслиҳат нест, ки бо худ сумка ё ашёи вазнин дошта бошед. Дастонатонро аз киса берун кунед, дасти даруни киса хатари афтодан ва осеб диданро зиёд мекунад;
- ба солмандон тавсия дода мешавад, ки бо асои нӯгаш резинӣ ва чӯби нӯгтезу ба ях халанда аз ҷой ба ҷойи дигар ҳаракат кунанд.
Дар ёд дошта бошед: ба пушт ё рӯ ба боло уфтодан хатарнок аст, зеро аз ин мумкин аст зарбаи мағзӣ рух диҳад. Дар сурати осеб дидан ҳатман барои ташхис ба табибон муроҷат кунед.
Эҳтиёт кукнед ва то ҷое имкон доред, зери девори биноҳо ва дарахтон ҳаракат накунед.
- Ҳангоми берун шудан аз биноҳо ба ғарамҳои барф, ях ва шӯшаҳои овезони биноҳову дарахтон ва деворҳо диққат диҳед. Бештар аз ҳама ба бачаҳо таваҷҷуҳ кунед;
- Агар вақти гузаштан аз роҳ аз боло садои шубҳаомезеро шунидед, наистед, саротонро боло накунед, балки ба зудӣ аз он он гузаред ва худро ба зери девор кашед. Эҳтимолан ин лағзиши барфтӯда аст ва ё пораи азими ях.
- агар зарурати гузаштан аз зери қоши иморатҳои бо яхҳои овезон пӯшида пеш омад, пас бе ягон ист хеле басуръат аз он убур кунед;
- дар ҳоли дидани шушаҳои овезони ях дар боми хонаҳо зарур аст ба хадамоти хидматрасонӣ хабар диҳед. Кормандони хидмати комуналӣ вазифадоранд ба хабари шумо вокуниш нишон диҳанд.
- Боя донист, ки маъмулан шӯшаҳои ях дар новадонҳо ба вуҷуд меоянд, аз ин рӯ зери намои иморатҳо хатарнок мешаванд. Лозим аст вақти гузор дур аз онҳо гузашт.
- мошинҳои худро дар наздикии биноҳо нагузоред, зери деворҳо ва дарахтон ва сутунҳои барқ ва эълону рекломҳо низ.
Агар ҳодисаеро бубинед, ки бар асари лағзиши яху барф ба вуҷуд омадаасту хатар дорад, ба КҲФ хабар диҳед.