Бозтоби сафари Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодда ба Эрон дар расонаҳои хабарии ин кишвар
Чоп шуд: 10/03/2024 | redaktorСафари хидматии як ҳайат аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарвари Раиси Кусита, гененрал-полковники милитсия Рустам Назарзода ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати боздид аз сохторҳои наҷоти Созмони миллии идораи Вазорати корҳои дохилии ин кишвар ба анҷом расид.
Ин сафар рӯзҳои 4-6-уми марти соли равон доир шуд ва раиси Кумитаро сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии КҲФ полковник Музаффар Аҳмадзода ва сардори Раёсати хадамоти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳӣ ... ҳамроҳӣ мекарданд.