Activities calendar

28 марти 2024

Ҳушдор аз боронҳои рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонон мерасонад, ки рӯзҳои 29-30 марти соли 2024 дар як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон борони шадид меборад.  Дар водиҳо ва доманакӯҳҳои ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво рӯзона то 8-10 дараҷа паст мешавад.

Наҷотдиҳандагон дари оҳании манзили истиқоматиеро боз карданд, ки тифли сесола танҳо монда буд

Дар давоми 24 соати охир дар кишвари мо ягон ходисаи табий ба кайд гирифта нашудааст. Сарфи назар аз ин, воҳидҳои наҷоти КҲФ пайваста дар ҳолати омодабош қарор дошта, барои расонидани кумак ба аҳолӣ омодаанд.

27 марти соли 2024, соати 14:50 дақиқа ба вақти маҳаллӣ ба навбатдории КҲФ хабар расид, ки дар бинои бисёрошёна...

Роҳандозии корҳои таблиғотии мудофиаи гражданӣ дар мактабҳои шаҳри Душанбе

Бо мақсади амалӣ намудани «Нақшаи чорабиниҳои КҲФ оид ба мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2024» дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар моҳҳои апрел ва майи соли 2024 гузаронидани рӯзҳои (машқҳои) мудофиаи гражданӣ ба нақша гирифта шудааст.

Барои татбиқи амалии ин нақша Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе Гурӯҳи корӣ созмон дод.

КҲФ: Хатари лағзиши тарма боқӣ мондааст. ЭҲТИЁТ КУНЕД!!!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон такроран ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 28-29-уми марти соли равон бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, ҳамчунин навоҳии ғарбии ВМКБ лағзиши тарма ва резиши санг пешбинӣ мешавад.

ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ - ТАШКИЛОТИ ЭКСТРЕМИСТИЮ ТЕРРОРИСТӢ

Боиси зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз доштанд: “Дар соле, ки сипарӣ шуда истодааст мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони