Ҳалокати 4 нафар дар як садамаи мошин дар роҳи Душанбе-Чаноқ

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пайомадҳои садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқро бартараф намуда, ба як мусофири маҷрӯҳ кумак расониданд.

28 марти соли 2024, соати 12:40 дақиқа ба вақти маҳаллӣ ба  Қисми навбатдории КҲФ дар бораи рух додани садама дар километри 148,3 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок, ки аз ҳудуди ноҳияи Айнин мегузарад, хабар расид.

Имдодгарони КҲФ дар минтақаи Зарафшон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, маълум карданд, ки автомашинаи тамғаи «Ravon», ки аз ҷониби як марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Душанбе ба хати поёни роҳ чаппагардон шуд. Сабаби ин садама суръати баланди ҳаракат ва аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронандаи он гуфта шудааст. 

Дар натиҷаи ин садама ронанда ва чаҳор мусофир дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, танҳо як нафар, духтарчаи 6-сола, сокини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон захмӣ, вале зинда монд.

Наҷотдиҳандагон ҷасади ронанда ва мусофиронро аз мошини берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. Духтари ҷароҳатдидаро баъди расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба бемористон интиқол доданд. 

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳо суръати ҳаракати мошинро боло набаранд ва қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.

барчасп: