Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи Наврӯзи Байналмилалиро таҷлил карданд, ки дар он муовини Раиси КҲФ генерал-майор Сулаймон Исозода, ҷонишини Раиси ВМКБ Х.Амирбекзода ва дигар шахсони расмӣ ширкат намуданд.
Барномаи ҷашн бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва намоишҳои театрию мусиқӣ, ки рангорангии минтақа ва вижагиҳои фарҳангии онро равшан инъикос мекунад, оғоз ёфт.
Дастархонҳои ба таври анъанавӣ орододашуда, нозу неъматҳои фаровону таомҳои миллӣ ва асбобу анҷоми маросими Наврӯз ба қисмати намоишии ҷашн ҳусн бахшид.
Муовини раиси ВМКБ Амирбекзода Х., ҳозиринро бо ҷашни Наврӯз аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят табрик гуфт. Зимнан зикр гардид, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ин имкони таърихӣ барои миллат фароҳам омад, ки сокинони кишвар Наврӯзро бо тантанаҳои бесобиқа ҷашн гиранд.
Дар ин рӯзҳо таҷлили Наврӯз дар тамоми воҳидҳои сохтории Кумита ва қисмҳои низомӣ ҷараён дорад.