Мусаллам аст, ки Осиёи Марказӣдар ҷаҳон минтақаи хеле мураккаб ва муҳим маҳсубёфта, дар онманфиатҳои абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба ҳам печидаанд.
Имрӯз кишварҳои минтақа таҳаввулоти геополитикӣ ва геостратегиро дар соҳаи амнияти миллӣ ва минтақавӣ паси сар мекунанд.«Осиёи Марказӣ ба унвони минтақаи дорои аҳамияти махсуси сиёсӣ, иқтисодӣ ва геополитикӣ ҳамчунин мавриди таваҷҷуҳи тарроҳони сиёсӣ боқӣ мемонад»,- гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сармутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматулло Хоҷаев.
Мавсуф афзуд, ки таҳлилгарони сиёсӣ дар бораи Осиёи Марказӣ тарҳҳои ҷиддие матраҳ менамоянд, ки ҳар яке сарнавишти дигареро барои минтақа пешбинӣ мекунад. «Як роҳ- як камарбанд» (ОПОП), «Осиёи Марказии Бузург», «Роҳи Абрешими Нав», «Корпоратсияи рушди Осиёи Марказӣ» аз тарҳҳои бузурги минтақа дар зарфи як даҳсолаи охир маҳсуб меёбанд. Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки дар аксар мавридҳо дар пушти тарҳҳо масьалаи тавсеаи нуфуз дар Осиёи Марказӣ, дастёбӣ ба манбаъҳои саршори он ва таъйини сарнавишти ин минтақа ниҳон мебошад.
Бо дахли ифротгароии динӣ дар ҷомеаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, коршиноси МТС мегӯяд, ки марҳилаи муосири нисбатан назарраси густариши ифротгароии динӣ ҷаҳонишавии бесобиқаи он аст, зеро ҷаҳонишавӣ ифротгароии диниро таҳрик медиҳад. Дар ҷаҳони ислом ҷаҳонишавӣ бо сиёсати мушаххас, бо таҳдид аз ҷониби Ғарб айният дода мешавад, ки на танҳо ба мусулмонон арзишҳо ва ҷаҳонбинии худро таҳмил менамояд, балки фишори ҳарбӣ низ мерасонад,- мегӯяд коршиноси МТС.
Ба андешаи Ҳ. Хоҷаев, Осиёи Марказӣ солҳои охир бо афзуншавии хатару таҳдидҳо рӯ ба рӯ гардидааст. Ин қабл аз ҳама, ба воситаи механизми ҷалби ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои террористии дар Тоҷикистон мамнӯи байналмилалӣ -ДИИШ/ДИ, «Ал – Қоида», «Толибон» ва истифодаи онҳо дар амалҳои террористӣ дар кишварҳояшон сурат мегирад. Тибқи маълумоти мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон, соли 2018 дар маҷмӯъ 873 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ ошкор гардидаанд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳо 298 нафар аъзои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дастгир шуданд. Дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ 99 шаҳрванди кишвар, ки дар муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ ширкат доштанд, ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.
Дар вилояти Суғд 19 узви гурӯҳи ҷиноятӣ дастгир гардиданд, ки фаъолияти онҳо дар ҳудуди кишвар манъ шудааст. Аз ҷумлаи онҳо 16 нафар аъзои ҳаракати «Ансоруллоҳ» ва се нафар аъзои «Ҷундуллоҳ» буданд. Дар ҷараёни амалиёти махсус ду узви гурӯҳи ҷинояткори «Ансоруллоҳ» нобуд карда шуданд. Ҳамаи онҳо дар урдугоҳҳои махсус дар Покистон омодагии ҳарбӣ гирифтаанд. Соли 2010 аъзои гурӯҳи «Ансоруллоҳ» масъулияти амали террористӣ дар назди бинои идораи ноҳиявии мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ВКД ҶТ дар вилояти Суғдро ба уҳда гирифта буданд.
Таҳлилгар мегӯяд, ки ифротгароии динӣ дар Осиёи Марказӣ ба он категорияи таҳдидҳо дохил мешавад, ки дар ин минтақа зуҳур намуда, ба сохти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии он таъсири манфӣ мерасонад. Кишварҳои минтақа вобаста ба имкониятҳои худ мустақилона ва муштарак бар зидди он мубориза мебаранд. Солҳои охир хадамоти амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ гумонбарони дахлдор дар фаъолияти «Ҳизб – ут – таҳрир» ва гурӯҳҳои дигари тахрибгарро дастгир мекунанд.
Дар марҳилаи ҳозира ба амнияти миллии Тоҷикистон ва зиндагии осудаи шаҳрвандони он фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар хориҷи кишвар таъсири манфӣ мерасонад. Соли 2018 мо шоҳиди он будем, ки ҷангиёни ҳизб дар куштори чор сайёҳи хориҷӣ даст доштанд. То имрӯз ҷустуҷӯ ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани аъзои ячейкаҳои пинҳонии ин ҳизб идома дорад.
Пӯшида нест, ки абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ нисбат ба ифротгароии динӣ аз «стандартҳои дугона» истифода мекунанд, ки сифати муборизаро дар ин самт коҳиш медиҳад. Бинобар ин, онҳо байни иттиҳодияҳои ҳарбӣ ва сиёсӣ ихтилофоти нав ба вуҷуд оварда, вазъи сиёсии ҷаҳонро бесубот месозанд, тамоми муқаддасоти милливу стратегиро аз байн мебаранд,- мегӯяд таҳлилгар.
Дар Осиёи Марказӣ ифротгароии динӣ дар байни занон низ батадриҷ паҳн мешавад. Таблиғоти васеи созмони ба ном «Давлати исломӣ»* сабаби пайвастани занон ба ин ҳаракат гардид. Ифротиҳо ҳамчунин дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ занони норозиро ҷустуҷӯ мекунанд, то ба сафи худ ҷалб кунанд. Ба ин ҳолати дар қаламрави Ироқ дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шудани занон – зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистон мисол шуда метавонад. Ахиран Суди Олии Ироқ беш аз 20 зани тоҷикро ба ҳабси абад маҳкум кард. Ҳоло 92 кӯдаки тоҷик дар Ироқ дармондаанд, ки 31 нафари онҳо кӯдакони то сесола мебошанд. 43 зани тоҷик дар Ироқ бо ҷурми ҳамкорӣ бо ДОИШ дар зиндон қарор доранд. Инҳо зану фарзандони шаҳрвандони кишварамонанд, ки ба Ироқ рафта, ба сафи гурӯҳҳои террористӣ пайвастаанд.
Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ифротгароӣ чорабиниҳои дахлдор роҳандозӣ менамояд. Ба рӯҳониёни расмӣ ва имом – хатибон аз ҳисоби буҷети давлатӣ маош таъйин шудааст ва онҳо дар чорабиниҳои ташвиқотӣ зидди ифротишавӣ фаъолона иштирок мекунанд. Солҳои пеш ҷалби бештари ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ ба мушоҳида мерасид. Иштироки ҷавонон дар ҷангҳои Ироқ ва Сурия аз ин шаҳодат медиҳад. Мавҷуд набудани маълумоту огоҳии нисбатан кофӣ ва комил оид ба дин ба доираҳои ифротӣ имконият дод, ки онро барои ҳалли ҳадафҳои худ фаъолона истифода баранд.
Ба андешаи мутахассиси МТС, омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, равонӣ ва фарҳангии ҳар як кишвари минтақа ба таъмини амнияти давлатӣ мусоидат мекунанд. Аз ин рӯ, бояд вазъи идеологӣ ва равонии ҷомеа бо амалисозии барномаҳои гуногуни давлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва идеологӣ мутобиқат дошта бошад. Тоҷикистон дар мубориза бар зидди равандҳои номатлуб ва хатару таҳдидҳои муосир дар минтақа дар сафи пеш қарор дорад. Ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм «Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016–2020»-ро тасдиқ кард, ки бар асоси он мубориза бар зидди ифротгароӣ ва зӯроварӣ тақвият дода мешавад.
*Дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст
Март 1, 2019 10:10