Маркази заминларзаи субҳи имрӯз ноҳияи Лахш буд

Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии АМИТ 14 марти соли 2024 соати 09:25 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин зилзила 207 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 19 километр ғарби ноҳияи Лахш буд. 

Қувваи он дар марказаш 3-4 балл ва дар маркази ноҳияи Лахш 3 баллро ташкил дод.

Ин заминларза талафоти ҷониву хисороти дигар надошт.

барчасп: