Резиши санг дар Сангвор

Бар асари резиши барф рӯзи 13 марти соли 2014 тахминан соати 19:24 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 6-уми роҳи мошингарди Лаби Ҷар маркази ноҳияи Сангвор резиши санг сабаби баста шудани роҳ гашт.

Барои рафъи паёмадҳои офати табиӣ кормандон ва техникаи Вазорати нақлиёти кишвар ҷалб шуданд ва 14 март соати 04:20 дақиқа роҳ пурра тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт имконпазир гардид. 

Хадамоти геофизикии АМИТ хабар дод, ки соати 20:24 дақиқаи рӯзи 13 март дар кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд, ки маркази он қаламрави Афғонистон буд.

Бино ба маълумоти манбаъ қувваи заминларза дар маркази он 4 балл, дар шаҳри Душанбе 2-3 балл буд.

Талафоти ҷониву хисороти дигар нест.

барчасп: