Роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии иди шарифи Фитр муборакбод мекунад!
Иди Фитр яке аз ду идҳои бузурги мусалмонон аст. Моҳи Рамазон худ моҳи поксозии рӯҳу ҷисм аст, моҳи тоату ибодат, бахшиши гуноҳон, талаби ҳоҷот аз Худованди яктост.
Иди Фитр инсонҳоро ба дӯстӣ мехонад, ба муҳаббат ба якдигар мехонад. Ин ид боиси наздик шудани инсонҳо бо якдигар мешавад.
Аз самими қалб умедворем хайру баракати ин моҳи муборак ҳамеша ҳамроҳи Шумо дар зиндагии рӯзмарра бошад.
Бошад, ки ин ид ба ҳар хонавода гармии муҳаббат, хурсандӣ, беҳбудӣ ва хушиҳоро ба ҳамроҳ орад!
Бароятон тансиҳатӣ ва хушиҳои оламро тамано мекунем.
Идатон муборак бошад!
Бо арзи эҳтиром, Роҳбарияти Кумита.