Сипосномаи КҲФ ба кормандони тарабхонаи “Форел”, ки як саги ғарқи дарёро наҷот доданд

10 апрели соли 2023 кормандони тарабхонаи  «Форел», ки дар соҳили  дарёи “Душанбе” ҷойгир аст, садои пасти нолишеро шуниданд, вале натавонистанд сари вақт ташхис кунанд, ки ин чӣ садоест ва аз куҷо меояд. Баъдан маълум шуд, ки ин садои имдодхоҳонаи як саги бехонумонест, ки дар рӯд ғарқ мешуд ва ҳама талошҳояш барои раҳоӣ аз мусибати сахт ба нокомӣ меанҷомид.

Заминларзаи субҳи имрӯз дар қаламрави кишвар. Бе талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар

Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз заминларзаи нав дар қаламрави кишвар, ки соати 3:46 дақиқаи имрӯз рух додааст, хабар дод. Манбаъ гуфтааст, ки маркази ин заминларза 378 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 86 километр ғарби ноҳияи Мурғоб, 153 километр ҷанубу ғарби шаҳри Хоруғ буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда фаъолияти семоҳаи худро ҷамъбаст кард

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ҷаласаи Коллегия оид ба ҷамъбасти натиҷаи фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2023 баргузор шуд.

Дар ҷаласа сарварони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои минтақавӣ ва фармондеҳони қисмҳои низомӣ ширкат намуданд. 

Ҳавои боронии рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавосанҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 15-ум то 17-уми апрели соли равон дар қаламрави кишвар ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Ин манбаъ аз боронҳои пуршиддат ва раъду барқ хабар додааст.

Заминларза дар Тоҷикистон

Бино ба хабари Хадамоти геофиикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 апрели соли 2023, соати 10:24 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин заминларза 290 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 30 километр ҷанубу ғарби шаҳри Хоруғ буд. 

Страницы