8 майи соли 2024 дар бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти раёсати раиси Комиссия – муовини раиси вилоят Мирзозода Мусо ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба баланд бардоштани устувории фаъолияти фаъолияти соҳаҳои саноат ва объектҳои хоҷагии вилоят барпо гардид.
Дар рӯзномаи ҷаласаи Комиссия ду масъала – рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи тартиби бунёди манзилҳо ва дигар иншооти мудофиаи гражданӣ» ва «Дар бораи ташкил, идоракунӣ ва танзими захираҳои сафарбаркунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузошта шуда буд.
Дар ҷаласа ҳисоботи сардори раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсат шунида шуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дода шуд.