Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавосанҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 15-ум то 17-уми апрели соли равон дар қаламрави кишвар ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Ин манбаъ аз боронҳои пуршиддат ва раъду барқ хабар додааст.
Дар гузориши идораи ҳавошиносии кишвар ҳамчунин аз эҳтимоли болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда хабар дода мешавад.
Дар шаҳри кишвар ва ВМКБ боришот то 18 апрел идома мекунад.
Бино ба гузориши манбаъи ёдшуда дар вилояти Суғд рӯзи 15 апрел рӯзона борон оғоз мешавад ва то шаби 16 апрел идома мекунад. Аммо рӯзҳои 17-19 дар ин минтақаи кишвар ҳаво бебориш хоҳад буд.
Ҳавои Душанбе пагоҳ, шанбе бебориш аст, вале рӯзҳои дигар эҳтимоли борон вуҷуд дорад.
Аммо аз рӯзи 19 апрел борон қатъ мешавад ва дамои ҳаво то ба 35 дараҷа гарм мешавад.
Сокинони навоҳии кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ шабҳои нисбатан сард ва рӯзҳои гармро дар қисмати водиҳо метавонанд интизор бошанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар рӯзҳои сербориш беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд. Даст кашидан аз сафарҳои безарурат гарави таъминии амният шумост. Рафтан ба моҳидорӣ, чорвочаронӣ дар доманакӯҳҳо ва ғунуични ҳезум дар кӯҳҳову анҷоми корҳои кишоварзӣ дар саҳро маслиҳат нест.