Заминларзаи длирӯз талафоти ҷониву хисороти дигар надошт

Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 19 апрели соли 2023, соати 13:57 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази заминларза 389 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 76 километр ғарби ноҳияи Мурғоби ВМКБ буд.

Қувваи зилзила дар маркази он 4 балл, дар ноҳияи Мурғоб 2-3 баллро ташкил дод.

Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест.

барчасп: