Қадршиносии сокини ноҳияи Айнӣ аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои ҷасорат

Ҳамчуноне хабар дода будем, 28 июли соли 2023 дар ҳудуди деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ сел омад, ки ба аҳолӣ ва иқтисоди ноҳия зарар расонд.

Селоби бузург ҳамроҳ бо лойю лойоба ва сангу сангреза дар маркази деҳа ду сокини русто, яке Идибой Ҳалимови 75-сола ва Азизҷон Мерганзодаи 7-соларо бурд. Ин манзараи мудҳишро дида сокини ҳамин деҳа Авлоддин Шарипов худро ба маҷрои сел андохт, то ин ду селбурдаро наҷот диҳад. Ва муваффақ шуд, ҳарду бо талошу заҳмати ин марди ҷасур аз марг наҷот дода шуданд. 

Бо дастури Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд генерал-майор Ҷамшед Камолзода ба ноҳияи Айнӣ сафар кард ва ба Авлоддин Шарипов барои ҷасорату мардонагӣ ва наҷоти ҷони ду нафар Ифтихорнома ва мукофоти хотиравӣ – телевизор туҳфа намуд.   

барчасп: