Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоби довталабон ба Донишгоҳи мудофиаи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Белорус барои солҳои таҳсили 2023-2024 озмун эълон мекунад. Дар ин озмун ҳамаи хоҳишмандон иштирок карда метавонанд.
Касоне, ки пазируфта мешаванд, бо ҷойи истиқомати ройгон дар хобгоҳ таъмин мешаванд. Онҳо ҳамчунин дар давоми таҳсил бо идрорпулӣ (стипендия) ба андозае, ки қонунгузориҳои Ҷумҳурии Белорус барои донишҷӯён пешбинӣ кардааст, таъмин карда мешаванд.
Номзадҳо аз натиҷаи имтиҳонот аз фанни забони русӣ ва меъёрҳои омодагиҳои ҷисмонӣ қабул карда хоҳанд шуд.
Муҳлати омӯзиш 4 сол буда, хатмкардагон соҳиби тахассуси “Бакалавр” ва рутбаи ҳарбии “лейтенант” мешаванд. Шакли таҳсил рӯзона. Курсантҳо танҳо роҳкирои расидан то макони таҳсилро мепардозанд.
Шарти ягона он аст, ки курсантҳо баъди хатми донишгоҳ барои идомаи фаъолият дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ватан баргарданд.
Хоҳишмандон барои ширкат дар озмун бояд то 20-уми моҳи августи соли 2023 аризаи худро ба Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии КҲФ супоранд.
Ҳуҷҷатҳо бо суроғаи: 734013, ш. Душанбе, кӯч. Лоҳутӣ, 26, Раёсати кадрҳо қабул карда мешаванд.
Телефонҳо барои маълумот: (+992 37) 227-71-81, Факс: 221-91-19 ва ё дар Раёсатҳои вилоятии КҲФ:
-дар ВМКБ- (3522) 2 40 57, 93 880 28 77;
-дар вилояти Суғд-(3422) 5 79 95, 93 880 28 57;
-дар вилояти Хатлон - (3222) 2 78 27, 93 880 28 89;
-шуъбаи КҲФ дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб -(3322) 2 16 56, 93 880 29 07.