Анҷоми амалиёти наҷоти 13 кӯҳгарди Русия. Иттилои расмӣ (ВИДЕО)

18 августи соли 2023 ҳангоми поин шудан аз қуллаи Корженевский (7105 метр) як нафар аз ҷумлаи 13 нафар кӯҳгардони Русия дар ҷарии умқаш 300 метр сарозер шуд. Се нафари дигар ҳам осеб дидаву ба ёрии тиббӣ ниёз доштанд.

Кӯҳгардон Олег Персикови 38-сола, сокини вилояти Москавро, ки қабурғаҳояш шикаста буданд, то ба марғзори Москвина поин оварданд ва баъдан сигнали хатар заданд. 

Баъди расидани сигнал 19 августи соли 2023 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти интиқоли ҷабрдидагон ба шаҳри Душанберо оғоз намуд. 

19 августи чоли 2023 ширкати ҳавонавардии “Сомон-Эйр” як чархбол ҷудо кард, ки соати 12:54 дақиқа ба самти ноҳияи Лахш парвоз кард ва соати 15:27 дақиқа аз урдугоҳ воқеъ дар марғзори Москвина (баландии 4300 м) онҳо ба шаҳри Душанбе оварда шуданд. 

Аз фурӯдгоҳ ҷабрдидагон бо воситаи мошини Ёрии таъҷилии КҲФ ба маҷтамаи табобатии Истиқлол бурда шуданд ва сари вақт ба онҳо ёрии аввалияи тиббӣ расонданд.

Дар айни замон вазъи саломатии кӯҳгардон хуб аст ва зери назорати духтурон қарор доранд. 

Кӯҳградони осебдида:

1. Персиков Олег Александрович, с.т. 12.06.1985, сокини вилояти Москав (бо қабурғаҳои шикаста);

2. Шилин Роман Дмитриевич, с.т. 25.10.1988, сокини вилояти Москав;

3. Калистратова Вера Владимировна, с.т. 05.08.1991, сокини вилояти Москав;

4. Разумов Вячеслав Геннадевич, с.т. 29.05.1987 сокини вилояти Оренбург. 

барчасп: