21 августи соли 2023 кормандони Раёсати махсусгардондашудаи ҷустуҷӯӣ ва наҷоти Кумитаи ҳоалтҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди роҳандозии амалиёти ҷустуҷӯӣ ҷасади сокини 11-солаи деҳаи Ҷангалобод-3-и шаҳри Ваҳдат ва сокини 53-солаи деҳаи Хӯҷа Панҷи ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷекентро пайдо ва ба пайвандонашон супурданд.
Дар ҳамин иртибот Кумита ба хешу табор ва волидони ҳалокшудагон изҳои ҳамдардӣ мекунад ва бо эҳтиром аз сокинони кишвар хоҳиш мекунад фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.
Амалиёти дигар наҷот рӯзи 21-уми август дар пойтахти кишвар соати 14:47 дақиқ сурат гирифт. Ба Қисми навбатдории Кумита хабар расид, ки дар кӯчаи Муҳаммадиев 22 як дарахти калон дар ҳоли садамавӣ қарор дошта метавонад ҳар лаҳза афтад ва трансформатори канарашро хароб кунад, ки ин боиси бе неруи барқ мондани сокинон ҳам мешавад.
Дастаи имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расида, бо ёрии таҷҳизоти махсус дарахтро буриданд ва хатар рафъ шуд.
21 августи соли 2023 соати 18:38 сокини кӯчаи Неъмат Қарабоев 63/2 Грическая Вера ба Қисми навбатдорӣ хабар дод,ки дар таҳхонаи ин бино як гурба дармондааст. Ба ҷойи ҳодиса гурӯҳи имдодгарон эъзом шуданд ва маълум гардид, ки гурба дар симҳои байни қубурҳо руст мондаву имкони раҳоӣ наёфтааст.
Наҷотдиҳандагон вориди таҳхона шуда, гурбаро беосеб аз банд раҳо карданд.
22 августи соли 2023 тахминан соати 03:40 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 145,5 роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, ки аз қаламрави деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ мегузарад, як мошини тамғаи “Дулан”, ки аз самти Хуҷанд ба Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд ва аз ҷониби як сокини 25-солаи деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич идора мешуд, ба ҷӯй сарозер шуд. Сабаби ин ҳодиса он буд, ки ронанда аз уҳдаи идораи мошин набаромад.
Дар натиҷаи роҳандози корҳои наҷот аз ҷониби имдодгарони КҲФ дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Зарафшон ронанда аз дохили мошин берун кашида шуд. Азбаски ҷароҳат бардошта буд, ӯро ба бемористони ноҳиявӣ бистарӣ карданд.
КҲФ дар ин иртибот ба ронандагон муроҷиат мекнуад, ки ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя кунанд.
Ронандагони муҳтарам, набояд фаромӯш кунед, ки шуморо дар хона пайвандонатон интизоранд!!!