23 августи соли 2023 тахминан соати 15:40, дар километри 250-уми роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Лахш дар қаламрави ҷамоати деҳоти Сурхоб, дар наздикии Арчакаппа бар асари болоравии ҳарорати ҳаво об шудани пиряхи “Баралмас” мушоҳида шуд. Дар натиҷа оби шорида аз ин пирях ба сел табдил шуд ва ҷараёни оби дарёи Сурхобро муддати як соати пурра баст.
Сел 400 метр роҳи мошингардро шуст, 3 симчӯби интиқоли барқ ва 150 метр кабели барқ ба қувваи 10 кВтро хароб кард.
Барои бартараф намудани паёмадҳои ин офати табиӣ техника ҷалб карда шудааст ва барқарорсозии оқибатҳои сел идома дорад.
Субҳи рӯзи 24 августи соли 2923 роҳи Душанбе-Ваҳдат-Лахш бста буд.
Талафоти ҷонӣ нест.