Қоидаҳои бехатарӣ

Тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳангоми туман ва яхбандӣ

Бино ба маълумоти обуҳавошиносони кишвар рӯзҳои оянда дамои ҳаво дар саросари кишвар сард мешавад. Боронҳои зиёду резиши барф бахусус дар роҳҳои кӯҳӣ хатар эҷод мекунанд. Аввалин хабари резиши санг дар роҳи Душанбе – Хоруғро шояд ҳоло хондед. Резиши санг дар Рузвай Ин гуна ҳодисаҳо бояд ҳушдоре ба ронандагон бошад, ки ҳангоми ҳаракат дар чунин роҳҳои душворгузар хеле эҳтиёткор бошанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: ХУДРО БА ФАСЛИ САРД ОМОДА СОЗЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки  тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз 28 октябр то 29 октябри соли 2020 дар қаламрави ҷумҳурӣ дамои ҳаво паст мешавад ва ин овое аз оғози сардиҳои сол аст.

Дар минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳистони вилоятҳои Суғду Хатлон 0 + 3° гарм ва дар баъзе ноҳияҳо 1-2°  хунук мешавад.  Табиист, ки сардии ҳаво барои маҳсулоти кишварзии саҳро таҳдидҳо хоҳад дошт. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Эҳтиёт кунед, сардиҳои аввал

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 6-уми октябри соли 2020 дар ноҳияҳои наздикӯҳии кишвар сардиҳои аввалини сол мушоҳа хоҳад шуд. Болои хок дамои ҳаво аз  – 0 до - 4°С сард мешавад.

Дар ҳамин иртибот КҲФ ба аҳолии ин ноҳияҳо муроҷиат...

КОВИД-19: Тавсияҳо ба волидон барои фарзандонашон. Силсилаи матолиби дигар дар ин бора

Бо мақсади пешгирӣ аз густариши вируси корона КОВИД-19 миёни хонандагони мактабҳо ва кӯдакистонҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи волидон як қатор тавсияҳоро пешкаш мекунад. КҲФ ба падарону модарон ёдовар мешавад, ки хатари сироят ба коронавирус ҳамоно таҳдид мекунад ва онҳо набояд бепарво бошанд.

Вохуриҳо бо аҳолии Норак ва Файзобод

Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни тамоми қишри аҳолии кишвар мунтазам чорабиниҳо баргузор мекунанд.

Бо ин мақсад кормандони  Кумита бо аҳолии  шаҳри Норак ва дар маркази ноҳияи Файзобод корҳои фаҳмондадиҳиро ташкил ва баргузор намуданд.

Страницы