Ахбори ин соат. Сӯхтор дар хонаи истиқоматии як сокини шаҳри Турсунзода. Рафъи хатари зери об шудани як мактаби хусусӣ дар Душанбе. Резиши санг дар Рузвай

Бегоҳии рӯзи 9 декабри соли равон дар хонаи сокини  деҳаи Саттори ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода Юсуфалӣ Сафаров сӯхтор ба амал омад.  Ба ҷои ҳодиса, афсарони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  дар шаҳри Турсунзода сафарбар гардида, якҷо бо сокинони деҳа оташро хомӯш карданд.

Сабабаи сар задани сӯхтор ин риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи бухорӣ будааст. Дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст, касе ҷароҳат ҳам набардоштааст.

Дар айни замон ҳаҷми зарари расида аз ҷониби мақомотҳои дахлдор муайян карда мешавад.

***   ***   ***

Шаби гузашта ҳамчунин хабар расид, ки як лӯлаи обкаш дар таҳхонаи мактаби хусусии ба номи Абдурраҳмони Ҷомӣ кафидааст ва хатари зери об мондани ошёнаи якуми бино таҳдид мекунад. Ин мактаб дар ноҳияи Синои пойтахт ҷойгир аст. 

Бо дарёфти хабар воҳиди наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуд.

Онҳо бо истифода аз таҷҳизоти обкаш оби таҳхонаро пурра берун кашиданд ва ҳамзамон хавфи зери об мондани биноро аз миён бурданд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони кишвар муроҷиат мекунад, ки ҳушёру эҳтиёткор бошанд. Бахусус дар оғози фасли сармо талош кунанд қоидаҳои бехатариро риоя намоянд. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо асбобҳои барқӣ ё дигар воситаҳо хеле бадиққат бошанд.

***   ***   ***

Субҳи рӯзи гузашта  дар километри 378 шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, дар деҳаи Рузвайи ҷамоати деҳоти Қалъаи-Хумби ноҳияи Дарвоз бар асари бориши шадиди барф аз кӯҳ санг рехтаву муваққатан роҳи Душанбе-Дарвоз-Хоруғро банд намуд.

Ба ҷои ҳодиса 2 адад техникаи муҳандисӣ боркунаки фронталии МДНРА-и ноҳияи Дарвоз сафарбар гардида, соати 12:30 дақиқа ҳолати баамаломада бартараф карда шуд. Ҳоло роҳ боз аст ва равуои мошинҳоро монеъае нест. 

***   ***   ***

 

АГАР РӮЙДОДЕ ИТТИФОҚ АФТОД, МЕТАВОНЕД БО ТЕЛЕФОНҲО 112,  223 13 11 ВА Ё 93 880 28 19 МУРОҶИАТ НАМОЕД.