Activities calendar

19 декабря 2020

Духтаре дар Банглодеш рӯзи тӯйи худ дар об ғарқ шуд ва фавтид

Ҳафт нафар, аз ҷумла арӯс ва ду кӯдак ҳангоми тӯй дар Банглодеш ҳалок шуданд. Ожонсии UNB  бо нашри ин хабар гуфтааст, ки ин фоҷеа дар қисмати ҷанубу шарқии мамлакат, дар соҳилҳои ҷазираи Хатия рух додааст. Бино ба гузориши манбаъ киштие, ки корвони арӯсӣ ба сӯи хонаи домод дар соҳили дарёи Мегна ҳаракат мекард, бо монеаи зериобӣ бархӯрд ва ғарқ шуд.

Дар сӯхтори як бемористон дар Туркия 8 нафар гирифторони КОВИД-19 ҷон бохтанд

Дар қисмати ҷанубу шарқии Туркия, дар шаҳри  Газиантеп дар сӯхтори бемористони Донишгоҳи Санко ҳашт нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора хабаргузории  Anadolu истинодан ба мақомоти расмии ин шаҳр хабар додааст.

Ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки сӯхтор дар натиҷаи вайрон шудани системаи ирсоли оксиген дар шуъбаи муолиҷавии...

Ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Ҳисор (ВИДЕО)

Ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Ҳисор бо ширкати ҳамаи аъзои комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр баргузор шуд. Дар кори ҷаласа Сардори Сарраёсати мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон полковник Файзуллозода Умматулло иштирок намуд.