Ҳафт нафар, аз ҷумла арӯс ва ду кӯдак ҳангоми тӯй дар Банглодеш ҳалок шуданд. Ожонсии UNB бо нашри ин хабар гуфтааст, ки ин фоҷеа дар қисмати ҷанубу шарқии мамлакат, дар соҳилҳои ҷазираи Хатия рух додааст. Бино ба гузориши манбаъ киштие, ки корвони арӯсӣ ба сӯи хонаи домод дар соҳили дарёи Мегна ҳаракат мекард, бо монеаи зериобӣ бархӯрд ва ғарқ шуд.
Гуфта мешавад, ки чанд нафар бо талошҳои зиёд худро ба соҳил расондаанд, чанд тани дигар бенишон ғайб заданд.
Хеле баъдтар полиси минтақа ва сокинони маҳаллӣ ҷасади 7 нафарро пайдо карданд.
Ҳоло дақиқан маълум нест, ки чанд нафар аз мусофирони киштии ғарқшуда ба соҳил расидаанд. Аммо он ки арӯс дар ин рӯйдод ҳалок шуд, тайид шудааст.
Аз ин пештар, аниқтараш 15 декабр хабар дода мешуд, ки як сокини иёлоти Техаси ИМА панҷ рӯз пеш аз маросми арӯсии худ бар асари коронавирус аз олам даргузашт.