Covid-19: Дар олам беш аз 66 миллион гирифторанд. Ҷо Байден-президенти тозаинтихоби ИМА доштани ниқобро дар кишвараш ҳатмӣ хоҳад кард
Чоп шуд: 05/12/2020 | adminСубҳи имрӯз эълон шуд, ки шумори гирифторон ба коронавирус КОВИД-19 ба 66 миллиону 231 ҳазору 472 нафар расидааст. Танҳо дар як шабонарӯзи гузашта дар саросари олам боз 199 ҳазору 995 нафар сироятшудаи нав сабт шудааст. Шумори ҷонбохтагон аз ин беморӣ дар олам ба 1 миллиону 524 ҳазору 473 нафар расидааст. Аз КОВИД-19 то кунун 45 миллиону 812 ҳазору 972 нафар пурра муолиҷа шудаанд.