Субҳи имрӯз эълон шуд, ки шумори гирифторон ба коронавирус КОВИД-19 ба 66 миллиону 231 ҳазору 472 нафар расидааст. Танҳо дар як шабонарӯзи гузашта дар саросари олам боз 199 ҳазору 995 нафар сироятшудаи нав сабт шудааст. Шумори ҷонбохтагон аз ин беморӣ дар олам ба 1 миллиону 524 ҳазору 473 нафар расидааст. Аз КОВИД-19 то кунун 45 миллиону 812 ҳазору 972 нафар пурра муолиҷа шудаанд. Дар айни замон дар бемористонҳои кулли олам 106 ҳазору 136 нафар гирифторон ба коронавирус дар ҳоли вазнин қарор доранд. Гуфтанист, ки ҳадди аксари навсироятшудагон дар як шабонарӯз ба коронавирус SARS-CoV-2 рӯзи 14 ноябр (667 964 нафар) ва ҳаддиаксари теъдоди марг аз ин беморӣ рӯзи 17 апрел (12 482 нафар) сабт шуда буд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар дод, ки дирӯз боз 41 мубталои нав ба КОВИД-19 ошкор шуда, шумори умумии гирифторон ба ин вирус ба 12 349 нафар расидааст. Аз оғоз то кунун 11 758 нафар ё худ 95,3% шифо ёфтаанд.
Шумори фавтидагон аз коронавирус дар Италия ба 58 852 нафар расидааст. Мақомоти ин кишвар кулли мубталоён ба ин вирусро 1 688 939 нафар ълон карданд, ки ин 2,5% аҳолии Италия аст.
Дар Фаронса дар айёми ҳамагирӣ 54 767 нафар ҷон бохтанд. Танҳо шабонарӯзи гузашта шумори фавтидагон аз коронавирус боз 627 нафар афзудааст.
Гирифтрон ба коронавирус дар Ироқ аз 560 ҳазор ҳам гузаштааст.
Дар қитъаи Африқо аллакай 2,2 миллион сироятшуда ба коронавирус сатб шудааст. Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Эфиопия, Кения, Алҷазоир ва Нигерия аз ҷумлаи кишварҳои ин минтақаанд, ки гирифторони зиёд ба КОВИД-19 доранд.
Президенти тозаинтихоби ИМА Ҷо Байден тарҳи нави мубориза бо коронавирус дар кишварашро эълон намуд. Дар суҳбаташ бо ширкати телевизионии Си-эн-эн вай гуфтааст, ки аз амрикоиҳо дархост хоҳад, ки 100 рӯз баъди маросими савгандёдкунии президент ниқоб пӯшанд. Вай ҳамчунин ният дорад доштани ниқобро дар бинои ҳукумат ва нақлиёти ҷамъиятӣ ҳатмӣ кунад.
Бозиҳои олимпии Токио, ки қарор аст тобистони соли 2021 баргузор шаванд, аз сабаби ҳамагирии коронавирус 2,4 миллиард доллар бештар аз он ки пешбинӣ шуда буд, масраф хоҳанд дошт. Буҷаи ин олимпиада 7,3 миллиард доллар муайян шуда буд, вале он пайваста меафзуд. То кунун болотарин масраф дар ташкили бозиҳои олимпӣ дар Русия буд. Олимпиадаи зимистонаи Сочӣ дар соли 2014 беш аз 50 миллиард доллар масраф дошт.
Дра як шабонарӯз дар Русия 27 403 сироятшудаи нав ба КОВИД-19 сабт шуда, аз ин беморӣ 569 нафар ҷон додаанд. Сураъти рушди беморӣ ба ҳадди 1,2 дарсад гуфта шудааст. Дар 19,7 дарсади беморон аломатҳои ин беморӣ мушоҳида нашудааст. Аз ҳама бештар дар шаҳрҳои Москав (6868, 882 нафар камтар аз як рӯзи пеш), Санкт-Петербурге (3694) ва Подмосковйе (1223) ба қайд гирифта шуда, теъдоди камтар дар вилояти Мухтори яҳудӣ (30), округи мухтори Ненетс (шаш) ва дар Чукотка (панҷ).
Ноиби сарвазири Русия Татяна Голиков дар як брифинги матбуотӣ эълон намуд, ки ҳамаи минтақаҳои кишвар ба барномаи эмкунӣ аз коронавирус ҳамроҳ карда шудаанд.
Дар Қазоқистон аз сироят боз 819 нафар хабар доданд ва шумори мубталоён ба 134 706 нафар расидааст.
Дар Қирғизистон бошад зарфи 24 соати сипаришуда 440 мубталои нав сабт шуд ва теъдоди гирифторон ба 74 373 нафар расид.
Ӯзбекистон аз сирояти боз 161 нафар хабар дод ва аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар 73 592 нафар чун мубтало ба КОВИД-19 сабт шудаанд. Аз ин 70 861 (+149) нафар ё худ 96% муолиҷа шудаанд.