Activities calendar

03 декабря 2020

Кормандони Раёсати КҲФ дар Хатлон дар Рӯзи ҷаҳонии маъюбон ба аёдати онҳо рафтанд

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии маъюбон ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомали Раҳмон оиди ғамхориҳои маъюбон  кормандониРаёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  дар вилояти Хатлон  ба аёдати маъюбони шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кўшониён...

Қурбонии Covid-19: Президенти собиқи Фаронса Валери Жискар д'Эстен аз коронавирус аз олам даргузашт

Президенти собиқи Фаронса Валери  Жискар д'Эстен дар синни 94-солагӣ бар асари коронавирус аз олам даргузашт. Бино ба хабари расмии хабаргузориҳои Фаронса сиёсатмадор дар ҳалқаи пайвандонаш, дар манзили зисти худ тарки олам кард. Ҷузъиёти бештаре аз бемории президенти собиқ маълум нест. Аммо кулли хабарҳои расмӣ ӯро низ қурбонии КОВИД-19 гуфтаанд.

Covid-19: Шумори гирифторон дар олам ба 65 миллион наздик мешавад. Парламони Ҷопон тарҳи қонун дар бораи эмкунии ройгони шаҳрвандонро тасвиб кард

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ субҳи имрӯз, 3 декабр хабар дод, ки шумори гирифторон дар коронавирус дар олам ба  64 миллиону 865 ҳазору 959 нафар расидааст. Шабонарӯзи гузашта теъдоди мубталоён боз 213 ҳазору 888 нафар афзудааст. Аз ин беморӣ дар олам то кунун 1 миллиону 499 ҳазору 671 нафар ҷон бохтаанд. Шумори муолиҷашудагон 44 миллиону 961 ҳазору 955 нафар гуфта шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз лағзиши эҳтимолии тарма дар роҳҳои кӯҳӣ ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар дар қитъаҳои роҳи Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб хавфи тарма бар асари боришҳои пайваста зиёд аст.