Президенти собиқи Фаронса Валери Жискар д'Эстен дар синни 94-солагӣ бар асари коронавирус аз олам даргузашт. Бино ба хабари расмии хабаргузориҳои Фаронса сиёсатмадор дар ҳалқаи пайвандонаш, дар манзили зисти худ тарки олам кард. Ҷузъиёти бештаре аз бемории президенти собиқ маълум нест. Аммо кулли хабарҳои расмӣ ӯро низ қурбонии КОВИД-19 гуфтаанд.
Жискар д'Эстен назар ба ҳамаи 20 президенти Фаронса умри бештар дид. 94-сола буд ва феврали соли оянда қадам ба 95 мегузошт. Ва аз миёни ҳамаи президентони Фаронса маҳз ӯ солҳои тӯлониро дар истеъфо пушти сар кард. Муддати 39 сол ӯ дур аз ҳар гуна корҳои сиёсӣ дар истироҳату фароғат ба сар бурд.
Ҳамватанонаш ӯро бо номи “Экс” ёд мекарданд ва ин ном барои ҳамагон маълуму рушан буд. Аз соли 2007 то кунун (агар чанд соли барҳаёт будани Франсуа Миттеран сарфи назар шавад) ӯ ягона президенти собиқ дар ин кишвар ба шумор мерафт.
Вай охирин сарвари ҷаҳон – ширкаткунандаи Ҷанги дуюми ҷаҳон ва охирин вакили парламон аз шаш кишвари Аврупо мебошад, ки соли 1957 муоҳадаи Румро имзо карданд ва ба ташкили Иттиҳодияи Аврупо асос гузоштанд.
Жискар д'Эстен китоби хотироти худро ҳам навиштааст ва як китоби дигар ҳам дорад дар бораи Наполеон дар Москав, ҳамчунин муаллифи романе бо номи “Шоҳдухтар ва президент” аст, ки мегӯянд қаҳрамони он шоҳзодахонум Диана ва президент худи ӯст.
Дар бораи ишқварзиҳои Жискар д'Эстен бо ҳунарманди машҳур ва офарандаи нақши Эмануэл аз мелодрамаи “Эмануэл” Силвия Кристел гуфтугузорҳо зиёд буданд ва ҳарду ҳам инро пинҳон намедоштаанд.
Аз Жискар д'Эстен ду писар ва ду духтар боқӣ монда ва писари 61-солаи вай Луи шаҳрдори зодгоҳи президенти собиқ Шамалер дар Оверни мебошад.
Жискар д'Эстен шояд аввалин қурбонии коронавирус аз миёни шахсиятҳои барҷастаи олам бошад.