Activities calendar

15 декабря 2020

Ҳалокати 11 солманд дар сӯхтори Хонаи пиронсолон

Сӯхтор дар як хонаи пиронсолон воқеъ дар Бошқирдистон 11 нафарро ба ҳалокат расондааст. Як хонум аз ҷумлаи кормандони ин хонаи пиронсолон 3 нафарро аз тариқи тиреза наҷот додааст. Дигарон солмандони бемор ва хуфта дар кат буданд, ки илоҷи наҷоти онҳоро як зан пайдо накардааст.

Ин сӯхтор соати 3 шаб рух додааст, аниқтараш маҳз...

“Лоиҳаи миллии идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ”

“Лоиҳаи миллии идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ” дар алоҳидагӣ барои харидории таҷҳизот ва мебели бинои Хадамоти зидди жола дар асоси усули “шопинг” озмун эълон менамояд:

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 30 декабри соли 2020.

Боздиди сарбозону кормандон аз Осорхонаи миллӣ

Бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳо дар мавриди “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” ва шиносии онҳо бо мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик кормандон ва сарбозони як қисми ҳарбии мансуб ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллӣ дидан карданд.

Дар ноҳияҳои Восеъ ва Муъминобод ҷаласаҳои Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда баргузор шуданд

Тибқи банди 4 Қарори Коллегияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 октябри соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2020 баргузор мешавад.

Чунончӣ, 14 декабри соли 2020 дар ноҳияҳои...

COVID-19: Шумори сироятшудагон дар олам аз 73 миллион гузашт ва теъдоди ҷонбохтагон ба 1,7 миллион наздик мешавад. Бар Британия навъи нави коронавирус кашф шуд, ки аз одам ба одам ба зудӣ мегузарад

Шумори гирифторон ба коронавирус дар олам ба  73 миллиону 193 ҳазору 269 нафар расид. Танҳо шабонарӯзи гузашта боз 169 ҳазору 198 нафар чун сироятшудаи нав сабт шуданд. Бино ба омори субҳи имрӯз, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ расонаӣ кард, то кунун аз ин беморӣ 51 миллиону 326 ҳазору 674 нафар муолиҷа шуданд ва 1 милиону 627 ҳазору 977 нафар ҷон бохтанд. 106 ҳазору 554 нафар дар ҳоли вазнинанд.