Ҳалокати 11 солманд дар сӯхтори Хонаи пиронсолон

Сӯхтор дар як хонаи пиронсолон воқеъ дар Бошқирдистон 11 нафарро ба ҳалокат расондааст. Як хонум аз ҷумлаи кормандони ин хонаи пиронсолон 3 нафарро аз тариқи тиреза наҷот додааст. Дигарон солмандони бемор ва хуфта дар кат буданд, ки илоҷи наҷоти онҳоро як зан пайдо накардааст.

Ин сӯхтор соати 3 шаб рух додааст, аниқтараш маҳз дар ҳамин як поси шаб хабари оташсӯзӣ дар деҳаи Ишбулдинои ноҳияи Абзелилов расидааст. Як бинои чӯбу тахтаӣ будааст ва истироҳатгоҳи пиронсолони “Ахай” меномиданд. Бино пурра ба коми оташ рафтааст. Шӯълаи оташро мошинҳои сӯхторнишонӣ соати 6 субҳ хомӯш кардаанд,-хабар додааст бахши ҳолатҳои фавқулодаи минтақа.

Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия парвандаи ҷиноӣ боз кардаву ба тафтиш оғоз намудааст. Сарвари 43-солаи ин пансионат боздошт шудааст, мақомот дар маҳали зисти ӯ кофтуков оғоз намудаанд. 

 Наҷотёфтагонро барои муолиҷа дар бемористони ноҳияи бистарӣ кардаанд. Дар минтақа ҳолати фавқулода эълон шудааст.

Сарвари ноҳия Илдар Нафиков дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, ки ин бино хеле қадимӣ буд ва аввали солҳои 1960 сохта шудааст. Вай ҳамчунин гуфтааст, ки бо вуҷуди куҳна будани бино он дорои шабакаи иттилорасонӣ дар мавриди сӯхтор буд. 

Худи хонаи пиронсолон 27 марти соли 2019 аз ҷониби сарвари кунунии он Расима Моҳиянова, Рустам Фаттоҳов ва Залия Муҳаммадёрова таъсис шудааст. 

барчасп: