Activities calendar

12 декабря 2020

Ширкати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар онлайн-мулоқоти машваратии коҳиши хатари офатҳо дар Осиёи Марказӣ

11 декабри соли 2020 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода  дар ҷаласаи машваратӣ оид ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва татбиқи барномаи қолабии Сендай оид ба татбиқи барнома дар Осиёи Марказӣ дар низоми онлайн ширкат варзид.

Covid-19: Шумори гирифторон ба 71,5 миллион наздик мешавад. Аз марги беш аз 1,6 миллион хабар дода шуд

Субҳи имрӯз, 12 декабри соли 2020 шумори гирифторон ба коронавирус дар олам 71 миллиону 456 ҳазору 605 нафар эълон шуд. Танҳо дар як шабонарӯз боз 233 ҳазору 364 ҳолати нави мубталоӣ ба ин вируси кушанда сабт шудааст. Бино ба гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ то кунун дар саросари олам аз ин беморӣ 1 миллиону 601 ҳазору 519 нафар ҷон бохтаанд.

Кормандони тиббии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда соҳиби шаҳодатномаҳои хатми давраи омӯзишӣ шуданд

11 декабри соли 2020 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи омӯзишии дуҳафтаинаи кормандони тиб ва равоншиносони Кумита ҷамъбаст шуд.

Дар маросими анҷоми давраи омӯзишӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражаднии назди...