Субҳи имрӯз, 12 декабри соли 2020 шумори гирифторон ба коронавирус дар олам 71 миллиону 456 ҳазору 605 нафар эълон шуд. Танҳо дар як шабонарӯз боз 233 ҳазору 364 ҳолати нави мубталоӣ ба ин вируси кушанда сабт шудааст. Бино ба гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ то кунун дар саросари олам аз ин беморӣ 1 миллиону 601 ҳазору 519 нафар ҷон бохтаанд. Аз КОВИД-19 49 миллиону 656 ҳазору 877 нафар муолиҷа шудаанд. Дар айни замон 106 ҳазору 663 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.
Дар Тоҷикистон аз сирояти боз 42 нафар хабар дода шуд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар шумори умумии мубталоён ба КОВИД-19-ро 12 630 нафар эълон намуд.
Олимони Британияи Кабир ва Русия барои санҷиши омезиши воксани AstraZeneca, ки дар Оксфорд таҳия шудааст ва Sputnik-V-и Русия талошҳои худро ба ҳам оварданд. Онҳо умедворанд, ки омезиши ин ду воксан боиси пуртаъсир шудани он мегардад. Озмоишҳо дар Русия баргузор мешаванд ва дар онҳо ихтиёриёни аз 18-сола боло иштирок мекунанд, аммо ҳанӯз маълум нест, ки чанд нафар дар ин озмоиш ширкат хоҳанд кард.
Дар ИМА танзимгари давлатии сифати маҳсулот ва доруҳо эълон кард, ки воксани Pfizer-BioNTech дар кутоҳтарин фурсат тасдиқ ва тавсия ба истифода хоҳад шуд. Ҳукуматдорони ИМА ва ширкати Pfizer ҳоло саргарми интиқоли вояи зарурии воксан мебошанд, то ба одамони мансуб ба гурӯҳи осебпазир аллакай рӯзҳои душанбе-сешанбе дастрас шавад.
Воксани Pfizer-BioNTech барои эмкунии аҳолӣ дар Британияи Кабир, Канада, Арабистони Саудӣ иҷозат шудааст.
Ҳукумати Швейтсария дар бораи таҳкими чораҳои карантинӣ ба сабаби авҷи бесобиқаи коронавирус хабар дод. Тарабхонаҳо ва барҳо аз ин ба баъд аз соти 7 бегоҳ фаъолияти худро қатъ мекунанд. Ҳукумат гуфтааст, ки агар ин ҳам боиси коҳиши сатҳи гирифторӣ нашавад, пас ночор даст ба карантини шадидтар зада хоҳад шуд.
Дар қаламрави Британияи Кабир зарфи як шабонарӯз беш аз 21 ҳазор мубталои нав сабт шуд.
Дар Фаронса дар замони пандемия 57 567 нафар ҷони худро аз даст доданд. Танҳои шабонарӯзи гузашта аз коронавирус 306 нафар фавтиданд.
Дар Олмон сиёсатмадорон дар бораи ҷорӣ кардани ҷораҳои шадиди карантинӣ ҳарф мезананд. Онҳо мегӯянд ҳукумат барои пешгирӣ аз сатҳи гирифторӣ ва маргумир даст ба иқдомҳои шадидтар занад. Ҳоло дар як шабонарӯз ҳудудан 30 ҳазор мутбалои нав ба қайд гирифта мешавад ва аз ин беморӣ дар 24 соат ҳатто то 600 нафар мефавтанд.
Президенти Молдова Игор Додон изҳори умед кард, ки дар кутоҳтарин фурсат эмкунии саросарии аҳолӣ бо воксани тавлиди Русия оғоз хоҳад шуд.
Шабонарӯзи гузашта дар Эрон боз 9,5 ҳазор мубтало ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шуд ва теъдоди гирифторон ба ин беморӣ дар ин кишвар ба 1 092 617 расидааст.
Дар як шабонарӯз дар Русия 28 585 сироятшудаи нав сабт шуд. Танҳо дар Москав 7 215 нафар, дар Санкт-Петербург -3 779, дар вилояти Москав 1 370 нафар сироят шудаанд. Дар саросари Русия шабонарӯзи гузашта 613 нафар фавтидаанд, ки ин болотарин нишондиҳандаи маргумири шабонарӯзӣ аз Covid-19 дар ин кишвар мебошад.
Дар Қазоқистон боз 836 мубталои нав ба коронавирус сабт гардид. Шумори умумии гирифторон ба 139 995 нафар расидааст.
Дар Қирғизистон зарфи як шабонарӯзи гузашта 327 нафар чун мубталои нав сабт шуда, аз аввали ҳамагирӣ 76 718 нафар ба COVID-19 сироят шуданд.
Шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар Ӯзбпекистон ба 74 664 (+166) расидааст.