Ширкати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар онлайн-мулоқоти машваратии коҳиши хатари офатҳо дар Осиёи Марказӣ

11 декабри соли 2020 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода  дар ҷаласаи машваратӣ оид ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва татбиқи барномаи қолабии Сендай оид ба татбиқи барнома дар Осиёи Марказӣ дар низоми онлайн ширкат варзид.

Дар кори ин конфронси онлайн роҳбарони идораҳои наҷоти Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва роҳбарони агентиҳои СММ ширкат карданд. 

Мулоқот дар доираи ташаббуси СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ "Эҷоди устуворӣ ба офатҳои табиӣ ва суръат бахшидан ба Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳо дар Осиёи Марказӣ", ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид.

Зимни суханронии худ Раиси Кумита ба иштирокчиёни нишаст дар бораи дастовардҳои кишвраи мо дар татбиқи Барномаи қолабии Сендай ва Стратегияи Миллии паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030, дар бораи пешрафти лоиҳаҳо ва барномаҳое, ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё, САҲА ва Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешаванд, иттилоъ дод.

Сардори идораи наҷоти кишвар аз ҷумла қайд кард, ки бо мақсади беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ ва навсозии система, дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ КҲФ ҳамкориро бо шарикон идома медиҳад.

Аз ҷумла, дар доираи як лоиҳаи муштарак бо Бонки Ҷаҳонӣ, сохтани бинои нави Маркази идораи ҳолатҳои буҳронии муҷаҳҳаз бо техникаи муосир ба нақша гирифта шудааст, ки бо мақсади татбиқи лоиҳаи БОР ва КҲФ, Лоиҳаи миллии мубориза бо офатҳои табиӣ аллакай харида шудааст ва ба наздикӣ насби радарии допплерӣ барои Хадамоти зидди жола ва сохтмони Маркази миллии таълими наҷотдиҳандагон оғоз хоҳад ёфт Дар он ҳам наҷотбахшони кишвари мо ва ҳам наҷотбахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон омӯзиш хаҳанд дид. 

барчасп: