Шумори гирифторон ба коронавирус дар олам ба 73 миллиону 193 ҳазору 269 нафар расид. Танҳо шабонарӯзи гузашта боз 169 ҳазору 198 нафар чун сироятшудаи нав сабт шуданд. Бино ба омори субҳи имрӯз, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ расонаӣ кард, то кунун аз ин беморӣ 51 миллиону 326 ҳазору 674 нафар муолиҷа шуданд ва 1 милиону 627 ҳазору 977 нафар ҷон бохтанд. 106 ҳазору 554 нафар дар ҳоли вазнинанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон шоми гузашта аз сирояти 12 741 нафар ба COVID-19 хабар дод. Шумори фавтидагон 88 нафар ва муолиҷашудагон 12 172 нафар эълон шуд. Тоҷикистон дар шохиси кишварҳои сироятшуда ба коронавирус дар ҷойи 116 қарор дорад.
Духтурони Бритониё як навъи дигар ва нави коронавирусро муайян карданд, ки эҳтимолан зудтар аз одам ба одам мегузарад, гуфт вазири тандурустии ин кишвар Мэтт Ҳанкок зимни суханронӣ дар парламон. Ба гуфтаи ӯ, сироят бо ин навъи нави коронавирусро дар беморхонаҳои 60 ноҳияи Бритониё ба қайд гирифтаанд. Вай ҳамчунин гуфт, ки штамми (микроорганизм вируи холиси беғаш, ки аз хуни одам ё чорвои бемор, ё аз обу хок ҷудо карда барои тайер кардани дору ва подзаҳр махсус парварида шудааст) он дар озмоишгоҳи ҳарбии Портон Даун, дар наздикии Солсбери омӯхта мешавад.
Давлати Фаронса аз соири мамолики Иттиҳодияи Аврупо даъват кардааст, то 5% аз вояҳои воксани харидоришударо ба таври муштарак ба кишварҳо эҳдо кунанд, ки тавоноии молӣ барои харидани онро надоранд. Бино ба як тарҳе, ки бо номи COVAX аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ роҳандозӣ мешавад, бояд то поёни соли 2021 2 миллиард воя барои воксанзании 20% аҳолии фақири кишварҳои дар ҳоли рушд ихтисос диҳад.
Дар остонаи ҷашни милоди Масеҳ (а) Олмон тасмим гирифтааст баъди сабукиҳои чанд ҳафтаи охир, ки боиси авҷи бесобиқаи сироят ба коронавирус шуд, як инзивоъӣ саротосарӣ эълон кунад. Аз рӯзи чаҳоршанбе кулли мағозаҳои ғайри ниёзи аввал, сартарошхонаву ороишгоҳҳо ва мактабҳо баста мешаванд. Ҳамчунин эҳтимоли он низ вуҷуд дорад, ки таътилҳои солинавӣ тамдид шаванд ва ширкатҳову корхонаҳо кори фосилавӣ анҷом диҳанд. Мулоқот дар хонаҳо ва вохӯриҳои хонаводагӣ низ бахусус дар арафа ва рӯзҳои ҷашни Солим нав ва Крисман маҳдуд мешаванд. Ҳамчунин таҷлиди Соли нав дар кӯчаҳо ва фурӯши ашё барои оташбозӣ манъ мешавад.
Бори аввал аз замони ҳамагирии Covid-19 мактабҳо дар пойтахти Шветсия Стокгол ба низоми омӯзиши онлайн мегузаранд ва ин бештар ба хонандагони то синни 13-сола дахл дорад. Хонандагони аз 16-сола боло ҳанӯз ҳафтае пеш ба омӯзиши фосилавӣ гузашта буданд. Шветсия ягона кишвар дар Аврупост, ки аз эълони низоми локдаун худдорӣ кардааст. Аммо шумори сироятшудагон ба коронавирус ба шиддат дар ҳоли афзоиш аст, ба ҳадде, ки 99% бемористонҳо пур аз беморон шудаанд. Табибон мегӯянд эҳтимоли нарасидани кати беморӣ барои гирифторони КОВИД-19 дар кишвар вуҷуд дорад.
Аз 18 декабри соли 2020 ҳар касе вориди Нидерландия мешавад, бояд маълумотномае дошта бошад, ки дар он ба вирус сироят набудани ӯ дарҷ шудааст. Ин ба сайёҳоне дахл хоҳад дошт, ки аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва минтақаи Шенген нестанд.
Дар Туркия шабонарӯзи гузашта бо 29 617 нафар чун сироятшудаи нав ба коронавирус сабт шуданд. Аз ин беморӣ 229 нафари дигар шаҳрвандон ҷон доданд.
Шумори қурбониёни коронавирус дар Исроил аз 3000 нафар (3004) гузаштааст.
Дар Иморати Муттаҳидаи Араб эмкунии аҳолӣ оғоз шуд. Ин кишвар тасмим гирифтааст, ки аз воксани чинии Sinopharm истифода кунад. Бино ба омори Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинзи ИМА дар ИМА аз замони ҳамагирӣ то кунун беш аз 186 ҳазор нафар ба ин вирус сироят шуда, 618 нафар ҷон бохтаанд.
Бори аввал аз замони ҳамагирии коронавирус Ҷопон дар як шабонарӯз беш аз 3 ҳазор сироятшудаи навро ба қайд гирифт.
Шабонраӯзи гузашта дар Русия боз 27 328 мубталои нав сабт шуд.
Қазоқистон аз сирояти 747 нафар дар як шабонарӯз хабар дод.
Дар Қирғизистон зарфи 24 соати гузашта 236 ҳодисаи нави сироят ба коронавирусро сабт карданд. То имрӯз дар ин кишвар 77910 нафар ба COVID-19 сироят шуда, 1316 нафар ҷон бохтаанд.
Шумори гирифторон ба коронавирус дар Ӯзбекистон ба 75241 (+147) нафар расидааст. Дар ин кишвар баргузории чорабиниҳои корпоративӣ дар кулли вазорату идораҳо, корхонаҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳо манъ аст. Арчаи солинавии президентиро танҳо барои ятимхонаҳо иҷозат додаанд. Бонки Осиёии Рушд ба Ӯзбекистон барои коҳиши бекорӣ бар асари COVID-19 93 миллион доллар ҷудо кардааст.