Боздиди сарбозону кормандон аз Осорхонаи миллӣ

Бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳо дар мавриди “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” ва шиносии онҳо бо мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик кормандон ва сарбозони як қисми ҳарбии мансуб ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллӣ дидан карданд.

Зимни боздид аз музей кормандон ва сарбозон бо толорҳои намоишии зерин шинос шуданд: "Асри санг", "Саразм", "Зардуштия", "Империяи Ҳахоманишӣ", "Хазинаи Амударё", "Давлати Юнон ва Бохтар", "Империяи Кушон", “Сосониён ва Ҳайтолиён», «Панҷекати қадим», «Мероси хаттӣ», «Аҷинатеппа», «Давлати Сомониён», «Илм ва фарҳанги Сомониён», «Хаттотӣ», «Тангаҳо», «Тоҷикистон дар солҳои 1917-1940», "Ҷанги Бузурги Ватанӣ», «Тоҷикистон дар солҳои 1950-1990», «Истиқлолият» ва«Дастоварди замони Истиқлол».

Гурӯҳе аз тамошобинон дар бораи таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик, аз асри санг то давраи Истиқлол маълумоти мукаммал дарёфт намуданд.

Чунин чорабиниҳо дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, огоҳӣ аз арзишҳои фарҳанги миллӣ, таърихи гузаштагони худ, бедор кардани ҳисси худшиносии онҳо нақши муҳим доранд.

барчасп: