Созмони ҷаҳонии тандурустӣ субҳи имрӯз, 3 декабр хабар дод, ки шумори гирифторон дар коронавирус дар олам ба 64 миллиону 865 ҳазору 959 нафар расидааст. Шабонарӯзи гузашта теъдоди мубталоён боз 213 ҳазору 888 нафар афзудааст. Аз ин беморӣ дар олам то кунун 1 миллиону 499 ҳазору 671 нафар ҷон бохтаанд. Шумори муолиҷашудагон 44 миллиону 961 ҳазору 955 нафар гуфта шудааст. Ҳоло дар кулли кишварҳои олам 106 ҳазору 697 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумори мубталоён ба КОВИД-19 дар кишварро шоми гузашта 12 ҳазору 269 нафар эълон кард. Муолиҷашудагон 11 ҳазору 677 нафар ва фавтидагон 87 нафар.
Тоҷикистон дар шохиси кишварҳои гирифтор ба коронавирус дар ҷойи 114 қарор гирифтааст.
Бештар дар кадом кишварҳо гири фторон зиёданд?
ИМА – 14 314 265
Ҳинд – 9 534 964
Бразилия – 6 436 650
Русия – 2 347 401
Фаронса – 2 244 635
Испания - 1 682 533
Марги одамон аз коронавирус дар ИМА моҳи феврали соли 2021 метавонад ба 450 ҳазор нафар расад. Дар айни замон маргумир аз ин вирус дар ИМА башиддат дар ҳоли афзоиш аст ва эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки дар наздиктарин фурсат шумори қурбониён дар як шабонарӯз аз 1,5 то 2,5 нафарро ташкил диҳад. Иёлотҳои Индиана, Пенсилвания, Огайо, Калифорния, Орегон, Вашингтон, ҳамчунин баъзе иёлот дар қисмати Ҷануб, Ғарб ва Миёнаи ИМА дар минтақаи сурх шомил шудаанд. Дар робита ба ин, аз амрикоиҳо даъват карда мешаванд, ки аз ҳамоишҳои суннатии солинавӣ ва ҳар гуна шабнишиниҳои дигар даст кашанд, инчунин тамоми чораҳои эҳтиётии беҳдоштӣ, аз қабили сари вақт шустани дастон, доштани ниқоб ва ғайраро риоя кунанд.
Агар вазъи густариши коронавирус ба эътидол наояд, чораҳои карантинӣ дар Олмон боқӣ мемонанд. Ангела Меркел ахиран изҳор дошт, ки ҳоло шумори сироятшудагон болотар аз 50 ба ҳар 100 ҳазор нафар сокинон аст.
Ҳукумати Испания тасмим гирифтааст, ки равуои шаҳрвандонро дар рӯзҳои таҷлили Соли нав маҳдуд кунад. Дар ин рӯзҳо қуюди шабгардӣ дар саросари кишвар аз соати 01:30 оғоз хоҳад шуд. Ба донишҷӯёне, ки рӯзҳои ид аз шаҳрҳо ба музофотҳо бармегарданд, тавсия дода шудааст, ки муддати 10 рӯз иртиботҳои худро маҳдуд кунанд.
Якмаркаҳои солинавӣ дар Австрия баъди қисман барҳам дода шудани карантини шадид аз 7 декабр низ боз намешаванд. Баъди коҳиши баъзе маҳдудият шаҳрвандон метавонанд аз мағозаҳои хӯрокворӣ ғизо ва нӯшокиҳоро ба муассисаҳои хӯроки умумӣ баранд, вале фурӯши нӯшокиҳои алкулӣ маҳдуд хоҳанд буд.
Мексика бо Pfizer муоҳада дар мавриди хариди 34,4 млн вояи воксан аз коронавирус имзо кардааст. Аввалин 250 ҳазор вояи воксан бояд моҳи декабр расад.
Бразилия метавонад истифодаи воксани русӣ аз COVID-19-ро бе қайди расмӣ ҳам иҷозат диҳад.
Дар Африқо шумори мубталоён ба коронавирус ба 2 177 889 расидааст ва зарфи ду шабонарӯзи гузашта 15 498 сироятшудаи навро сабт кардаанд. Бештари сироятёфтагон ва фавтидагон дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ба қайд гирифта шудаанд. Дар Миср 6 666 нафар ҷон бохтаву 116 303 нафар сироят шудаанд. Дар кишварҳое, ки ҷанубтари Саҳрои Кабир ҷойгиранд, баъди ҶАҶ дар шумори гирифторон ва фавтидагон Эфиопия (110074 ва 1 706), Кения (83 618 ва 1 469) ва Нигерия (67 557 ва 1 173) бештар аст.
Ҳукуматдорони Ҷумҳурии Мардумии Чин маҳсулоти яхкардаи воридотиро то санҷиш ба коронавирус ба фурӯш иҷозат намедиҳанд.
Белоруссия ҳашт кишварро ба рӯйхате шомил кард, ки баъди вуруди шаҳрвандонашон бояд дар худинзивоъӣ қарор гиранд. Аз 3 декабри соли равон ин ҳашт кишвар бо шумули Австрия, Озарбойҷон, Маҷористон, Юнон, Гурҷистон, Сербистон, Туркия ва Эстония шомили ин рӯйхат хоҳанд гашт.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус кишварҳои узви СММ рӯнамоии воксани русии "Спутник V" – ро дар фазои маҷозӣ ба хушӣ пазируфтаанд. Бино ба маълумоте, ки хабаргузории давлатии ТААС расонаӣ кардааст, барои ширкат дар ин рӯнамоӣ намояндагони 55 кишвари олам аз қайд гузаштаанд. Ба ин мулоқоти онлайн ҳамчунин намояндагони роҳбарияти СММ, СҶТ, Салиби Сурх ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ширкат кардаанд.
Арзиши як вояи истеъмоли воксани русии "Спутник V" аз коронавирус камтар аз 10 доллари ИМА эълон шудааст.
Ҷадвали муқоисавии воксинаҳо зидди КОВИД-19 дар оламро ин ҷо мурур кунед: “Воксани Covid-19”
Парламони Ҷопон тарҳи қонун дар бораи эмкунии ройгони шаҳрвандони ин кишвар ба коронавирусро ба тасвиб расонд. Ҳукумат аз шаҳрвандонаш хостааст ҳатман худро зидди КОВИД-19 эм кунанд, албатта ба истиснои ҳолатҳое, ки организм вокуниши баръакс нишон медиҳад. Ҳамин тариқ Ҷопон аввалин кишвари олам хоҳад буд, ки эмкунии саросарӣ зидди Covid-19-ро ба роҳ мемонад.
Латвия ҳолати фавқулодаро то 11 декабр тамдид кард.
Бар асари сироят ба коронавирус дар Русия шабонарӯзи гузашта 589 нафар фавтиданд. Шумори нав сироятшудагон 25 345 нафарро ташкил дод. Аз ин беморӣ то кунун беш аз 41 ҳазор нафар ҷон бохтаанд.
Дар Қазоқистон субҳи рӯзи 2 декабри соли равон хабар дода шуд, ки 13 ҳазору 707 нафар дар бемористонҳои ин кишвар муолиҷа мешаванд, ки 967 нафари онҳо бачаҳо мебошанд. То кунун ин кишвар 133 118 ҳодисаи гирифторӣ ба коронавирусро сабт кардааст.
Дар Қирғизистон шабонарӯзи гузашта боз 335 нафар чун мубталои нв ба қайд гирифта шуд ва теъдоди гирифторон ба КОВИД-19 ба 73 513 нафар расид. Аз ин беморӣ 1 277 ҷон доданд.
Шумори беморони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 73 335 (+59) расидааст. Мақомот гуфтаанд, ки то кунун 70 534 нафар ё худ 96% шифо ёфтаанд. Ин шабу рӯз дар муассисаҳои тибии ин кишвар 2 190 нафар ба муолиҷа фаро гирифта шудаанд.