Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии маъюбон ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомали Раҳмон оиди ғамхориҳои маъюбон кормандониРаёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар вилояти Хатлон ба аёдати маъюбони шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кўшониён сафарбар шуданд.
Дар ин чорабинӣ баъди аёдату ҳолпурсиҳо хизматчиёни ҳарбии Раёсат ба маюбон ва пиронсолон ниқобҳои тибби, маҳлули антисептикӣ, китобчаву буклетҳо тақдим карданд.
Инчунин бо истифода аз маҳлулҳои зиддиуфунӣ ҳавливу кошонаи онҳоро ба хотири пешгирӣ аз бемории сироятии COVID-19 поккорӣ карданд.
Маврид ба ёдоварист, ки ҳамасола дар тамоми дунё 3 декабр Рӯзи байналмилалии маъюбон таҷлил мегардад. Ҳадафи он мусоидат ба ҳуқуқҳои маъюбон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин ҷалби таваҷҷуҳи кулли ҷомеа ба мушкилоти маъюбон мебошад. Ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла, шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Аз замони ба даст овардани истиқлол то имрӯз тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.