Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз лағзиши эҳтимолии тарма дар роҳҳои кӯҳӣ ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар дар қитъаҳои роҳи Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб хавфи тарма бар асари боришҳои пайваста зиёд аст.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳои пурбориш аз сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ намоянд. Ҳушёр бошанд, ҳамеша аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд. 

Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ ё дарроҳҳое, ки хавфи лағзиши тарма вуҷуд дорад,  бояд фосилаи муқарраршудаи ҳаракат дар байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.

Дар роҳҳо бодиққат ва эҳтиёткор бошед!

Ҳаёти худ ва ҳамсафарони худро зери хатар нагузоред!

барчасп: