Ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Ҳисор бо ширкати ҳамаи аъзои комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр баргузор шуд. Дар кори ҷаласа Сардори Сарраёсати мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон полковник Файзуллозода Умматулло иштирок намуд.
Ҷаласа масъалаҳои азназаргузаронии ҳолати омодабошии қувва ва воситаҳои ҳудуди шаҳр (техникаҳо) дар давраи зимистон ва баҳори соли 2020-2021; омодагӣ ва банақшагирии чорабиниҳои пешгирикунанда аз ҳолатҳои фавқулодда дар мавсими зимистон ва баҳори соли 2021; рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.
Ширкаткунандагон ҳисоботи яксолаи Комиссияро шуниданд ва дар мавриди омодагиҳо ба зимистони соли равон ва баҳори оянда изҳори назар намуданд.
Нақшаи баргузории чорабиниҳо барои пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода ва коҳиши хатари офатҳо қабул шуд. Зикр гардид, ки диққати асосӣ бештар ба корҳои таблиғотии зиддикоронавирус дода шавад. Зеро сироят ба ин вируси хатарнок ба ҷони одамон таҳдид мекунад.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки иштироки ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хоҷагиҳо, корхонаҳои саноатӣ ва корхонаҳои коркарди қуму шағал новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар натиҷагирии ҷамъбасти солона оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ таъмин карда шавад.