Дар қисмати ҷанубу шарқии Туркия, дар шаҳри Газиантеп дар сӯхтори бемористони Донишгоҳи Санко ҳашт нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора хабаргузории Anadolu истинодан ба мақомоти расмии ин шаҳр хабар додааст.
Ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки сӯхтор дар натиҷаи вайрон шудани системаи ирсоли оксиген дар шуъбаи муолиҷавии ин бемористон, ки гирифторони КОВИД-19 бистарӣ буданд, рух дод. Ҳафт нафар вақти сӯхтор ва як нафар ҳангоми интиқоли вай ба бемористон ҷон додаанд.
14 бемори дигарро ба беморхонаҳои дигар бурданд.
Дар айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои сӯхтор ва паёмадҳои фоҷеавии онро таҳлилу баррасӣ мекунанд.
Моҳи октябри соли равон хабар дода мешуд, ки дар як беморхона воқеъ дар Покистон низ сӯхтор рух дод ва дар он 7 нафар ҷон бохтанд.