Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни тамоми қишри аҳолии кишвар мунтазам чорабиниҳо баргузор мекунанд.
Бо ин мақсад кормандони Кумита бо аҳолии шаҳри Норак ва дар маркази ноҳияи Файзобод корҳои фаҳмондадиҳиро ташкил ва баргузор намуданд.
Ба аҳолӣ роликҳои таълимӣ бо истифода аз мошини махсуси ташвиқотию тарғиботӣ намоиш дода шуд.
Дар рафти вохӯриҳо варақаҳо ва брошюраҳои иттилоотӣ тақсим карда шуданд, ки онҳо бо дастгирии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти умиҷаҳонии тандурустӣ омода карда шуданд.