Кумак ба яке аз қисмҳои ҳарбии Кумита
Чоп шуд: 20/08/2020 | adminДар доираи чорабиниҳо бахшида ба 26-умин солгарди таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи воҳидҳои сохтории КҲФ чорабиниву мулоқотҳои мухталиф баргузор карда шуданд. Дар ин нишастҳо ба сарбозони навдаъват дар бораи таърихи ташаккули КҲФ нақл ва оид ба 26 соли фаъолияти он маълумот дода шуд.